Мулоқоти Роҳбарияти Хазина бо ҳайати ХБА

Санаи 16 майи соли 2018 дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ вохӯрии кории роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони Хазинаи Байнамилалии Асъор (ХБА) ҷ-би Мирзаев Санан (иқтисодчӣ) ва Йохан Молин (коршиноси ХБА) баргузор гардид.

Роҳбарияти Хазина дар рафти вохурӣ ба ҳайати коршиносони ХБА оид ба фаъолияти Хазина ва низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маълумот доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мунтазам тараққӣ ёфта, айни замон 42 ташкилоти қарзӣ узви он мебошад. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои пасандоздорон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷониби ҳайати ХБА нисбати васеъ намудани ваколатҳои Хазина ва иштироки он ҳангоми батанзимдадории ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳо дода шуд.

И.в. Раиси Хазина Ғафуров А.А. ба меҳмонон барои арзёбии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва тавсияҳои мушаххас изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз намуд, ки Хазина ҳамкориҳои судмандро бо ХБА баҳри такмили низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома хоҳад дод.