Маълумот оид ба раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”

01.08.2023

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд – Хазина) пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз санаи 23 июни с.2021 ва ҶСК “Агроинвестбонк” аз санаи 01 июли с.2021 мувофиқан тавассути ҶСК “Ориёнбонк” ва БДА ҶТ “Амонатбонк”, ки аз номи Хазина ва аз ҳисоби он ба сифати бонк-агент баромад намуданд, дар давоми муҳлати бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон” муқарраркардашуда амалӣ намуд. Мутобиқи қонунгузорӣ раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон дар давоми то як сол амалӣ карда мешавад.

Тибқи ҳисоботҳои фосилавии ҷамъбастӣ дар давраи аз санаи оғози раванди пардохти ҷубронпулӣ то ба ҳолати 01-уми июли соли 2022, яъне анҷоми муҳлати яксолаи он аз тарафи бонк-агентҳо дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 571 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 54,8 млн. сомонӣ (89,8 % маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) ва ба 9 438 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 132,4 млн. сомонӣ (90,0 % маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) пардохтҳои ҷубронпулӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳамин тариқ, дар умум ба санаи 01-уми июли соли 2022 аз ҷониби Хазина ба воситаи бонк-агентҳо ба 13 009 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 187,2 млн. сомонӣ пардохтҳо анҷом дода шудаанд, ки он 89,9 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонкҳои барҳамдодашударо ташкил дод.

 Ҳамзамон, нисбати он пасандоздороне, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда барои гирифтани ҷубронпулӣ муроҷиат карда натавонистанд, Хазина бо назардошти пешниҳоди аризаи пасандоздор тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун метавонад муҳлати муроҷиати пасандоздорро барои гирифтани ҷубронпулии суғурта тамдид намояд. Аз ҷумла, дар давраи баъд аз ба итмом расидани муҳлати яксолаи пардохти ҷубронпулӣ то санаи 31.07.2023 сол, аз ҷониби пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар асоси муқаррароти Қонун оид ба тамдиди муҳлати пешниҳоди дархост барои гирифтани маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳояшон  бо ариза ба Хазина муроҷиат карда шуд. Вобаста ба ин, Хазина дар маҷмуъ аризаҳои 74 нафар пасандоздорони муроҷиаткардаи бонкҳои мазкурро қонеъ карда, ба онҳо ба маблағи умумии 1,2 млн сомонӣ, аз он ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” 846,6 ҳаз. сомонӣ  ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 322,1 ҳаз. сомонӣ ҷубронпулии суғуртаро пардохт кард.

Бо назардошти ин, ба ҳолати 31 июли соли 2023, аз тарафи Хазина дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 3 591 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 55,1 млн. сомонӣ (90,3 % маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) ва ба 9 492 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 133,2 млн. сомонӣ (90,6 % маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) пардохтҳои ҷубронпулӣ анҷом дода шудаанд.

Дар маҷмӯъ ба санаи 31 июли соли 2023 аз ҷониби Хазина ба 13 083 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 188,4 млн. сомонӣ ҷубронпулии суғурта пардохт карда шудааст, ки он 90,5 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии бонкҳои барҳамдодашударо ташкил дод.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед, тавассути манбаҳои зерин дастрас намоед:

 

Барои маълумот:

Иҷозатномаҳои ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ тибқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №88 ва №89 бозхонд карда шудаанд. Қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан 1-ум ва 4-уми июни соли 2021 қабул карда шудааст.

Дар бораи Хазина:

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, Хазина ҷубронпулии суғуртаро барои пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд пардохт мекунад.

Маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.