Изҳори тасаллият
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон аз даргузашти давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик, корманди шоистаи Тоҷикистон шахсияти барҷастаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Миллӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва узви Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон – Амиршо Миралиев сахт андӯҳгин буда, ба ақрабо, пайвандон ва ҳамкорони марҳум изҳори тасаллият баён менамояд.
Амиршо Миралиев дар Хазина аз соли 2016 ҳамчун узви Шӯрои нозирон фаъолият карда, бевосита дар пешравии Хазина ва низоми суғуртаи амонату пасандозҳо саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Аҳли гуруҳи кормандони Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ба пайвандону наздикони Амиршо Миралиев ҳамдардии амиқ изҳор карда, барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.