Иштироки роҳбарияти Хазина дар маросими муаррифии нахустин барориши вомбаргҳои давлатӣ дар бозори муташаккил аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки роҳбарияти Хазина дар маросими муаррифии нахустин барориши вомбаргҳои давлатӣ дар бозори муташаккил

10.01.2024

Санаи 9 январи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе чорабинии махсус (“Road show”) бахшида ба нахустбарориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил баргузор гардид, ки дар он бо даъвати Вазорати молия доираи васеи сармоягузорони ватанӣ ва иштирокчиёни бозори молиявии кишвар ширкат варзиданд. Дар ҷамъомади мазкур роҳбарияти Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва фондҳои суғуртавӣ, аз ҷумла роҳбарияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳузур доштанд.  

 

Чорабинии мазкур бо мақсади тақвияти инфрасохтори бозори сармоя ва таъмини суботи молиявии кишвар тариқи барориш ва ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ дар бозори муташаккил бо назардошти арзиши рақобатнок ва шартҳои барои сармоягузорон ҷолибнок баргузор карда шуд.

Чорабинии болозикрро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, дар рафти он аз ҷониби мушовири Бонки Осиёии Рушд ва роҳбарияти вазорати молия муаррифии тартиб ва шартҳои (ҳаҷм, муҳлатнокӣ, фоизнокӣ) барориши вомбаргҳои давлатӣ, бахусус муаррифии QR-рамзи электронӣ барои қабули дархостҳои сармоягузорону харидорон тавассути рӯнамо ва маърузаҳои дахлдор ба диққати иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

Нахустин барориши вомбаргҳои давлатӣ ҳамчун руйдоди таърихӣ ва яке аз қадамҳои устувор ҷиҳати тадриҷан инкишофи низоми молиявии кишвар арзёбӣ гардида, тарҳрезӣ ва татбиқи он барои тавсеа додани бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, Хазина ба сифати яке аз сармоягузорони институтсионалӣ дар бозори молиявӣ, ташаббуси Вазорати молияро истиқбол гирифта, омодагии худро ҷиҳати таъмин намудани иштироки фаъол дар музоядаҳои фурӯши вомбаргҳои давлатӣ бо арзиши рақобатнок ва шартҳои ҷолибнок изҳор менамояд.