Иҷозатномаи ҶСК “Фононбонк” бозхонд карда шуд

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 №11 дар асоси моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва  моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо сабабҳои асоснок фаъолияти ҶСК “Фононбонк” қатъ карда шуд.

Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶСК “Фононбонк”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуд.

Хазина баъди аз Бонки миллиии Тоҷикистон гирифтани нусхаи қарори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти қарзӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар муҳлатҳои дар қонун зикргардида оғоз менамояд.