Бо мақсади тақвияти сиёсати иттилоотӣ – коммуникатсионии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи низоми суғуртаи пасандозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз сомонаи расмии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) дар шакли нав мавриди истифода қарор дода шуд.
Сомонаи корпоративии таҷдидшудаи Хазина боз ҳам фаъолнок гардида, он бо дизайни муосир ва интерфейси қулай, ки хусусиятҳои Хазинаро ҳамчун ташкилоти танзимкунандаи фаъолияти низоми суғуртаи пасандозҳо инъикос мекунад, тарҳрезӣ карда шудааст. Дар таҳияи он рангҳои нишони нави Хазина истифода бурда шудаанд. Яке аз бартариятҳои сомонаи навсозишудаи Хазина ин мутобиқатӣ ба дастгоҳҳои гуногуни статсионарӣ ва мобилӣ мебошад.
Барои таҷдид намудани муҳтавои иттилоотӣ ва визуалии сомонаи мо корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, принсипҳои пешниҳоди иттилоот ва сохтори сомонаи навсозишуда дастрасиро ба иттилоот хеле осон менамояд. Ҳар як фаъолияти Хазина дар бахшҳои алоҳида оварда шудааст, ки маълумот дар бораи он ба таври фаҳмо ва дастрас пешниҳод шудааст.
Дар саҳифаи асосии сомона менюи алоҳида бо нишондиҳандаҳои асосии Хазина илова карда шуда, блоки хабарҳо бо эълонҳо ҷойгир карда шуданд. Ғайр аз он, дар сомона функсияи ҷустуҷӯӣ, дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо, маводҳои тасвирӣ ва видеоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муҳайё карда шудааст. Муҳим он аст, ки ба истифодабарандагони сомона бахшҳои махсус барои тамос ва пешниҳоди аризаҳо дар реҷаи вақти воқеӣ пешниҳод карда шудаанд.
Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки сомонаи нави Хазина дар реҷаи такмилдиҳӣ корашро идома медиҳад ва бо ин мақсад бета-версияи (шакли лоиҳавии) сомона то навсозии ниҳоии он фаъолият менамояд.
Инчунин, саволҳо ва пешниҳодҳоро оид ба фаъолияти сомонаи Хазина метавон тавассути шакли алоқаи мутақобила (руҷуъ намоед ба бахши “Тамос бо мо” дар кунҷи рости болоии сомона) ё тавассути почтаи электронӣ ба суроғаи info@idif.tj ирсол кард.