Хазина дар музоядаҳои фуруши Вомбаргҳои давлатӣ иштирок намуд
Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмини фаъолияти босамари сармоягузории маблағҳои озоди худ Хазина санаи 19 марти соли 2024 дар музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ (Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҶСП “Биржаи фондии Осиёи марказӣ” гузаронида шуд, иштирок намуда, дархости Хазина мувофиқан қонеъ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳлатнокии 6 – моҳа ва бо фоизи бозории то 8 фоизи солона бароварда шуда буданд.
Views: 31