Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои ишғол намудани вазифаи ҳуқуқшинос-иқтисодчӣ озмун эълон менамояд.
Талабот ба номзад:
- Маълумот: маълумоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва иқтисодиёт.
2. Таҷрибаи корӣ: донистани қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи корӣ дар хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳои қарзӣ, дониши компютерӣ, дониши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол, сину сол то 45 сола.
Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:
– баррасии муроҷиатҳои пасандоздорон оид ба масъалаи суғуртаи пасандозҳо ва ҳимояи ҳуқуқи пасандоздорон;
– иштирок дар мурофиаҳои судӣ вобаста ба фаъолияти Хазина, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои Хазина мутобиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– омода намудани хулосаҳои ҳуқуқӣ тибқи супоришҳои роҳбарияти Хазина;
– таҳрири ҳуқуқии лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дохилӣ;
– таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Хазина оид ба суғуртакунии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ;
– омода намудани хулосаҳо ва пешниҳодот оиди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба масъалаи суғуртаи пасандозҳо алоқаманд аст;
– таҳияи лоиҳаи мактубҳо (ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо) оиди масъалаи суғуртаи пасандозҳои аҳолӣ;
– санҷиши ҳуқуқии ҳама намуди шартномаҳо ва омода намудани лоиҳаи ин гуна шартномаҳо;
– пешбурди Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
– қабул кардани ҳисоботи семоҳа аз ташкилотҳои қарзӣ;
– таҳлили дуруст ва саривақт гузаронидани пардохтҳои тақвимӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ;
– иштирок дар санҷиши ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
– пеш бурдани коргузорӣ дар Хазина, бақайдгирии муросилоти содиротию воридотӣ;
– омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба ҷаласаи Шӯрои нозирони Хазина;
– ташкили баҳисобгирии кадрҳо, омода намудани фармонҳо ва пайнавиштҳои Хазина.
Аз номзадҳо хоҳиш карда мешавад, ки маълумоти шахсиро дар лифофаи маҳкам бо ишораи «Озмуни интихоби вазифаи холии ҳуқуқшинос-иқтисодчӣ» ба суроғаи ш. Душанбе, к. Маяковский 77/2, маҳаллаи 33 (паси бинои филиали ҶСК «Ориёнбонк»), ё ин ки тавассути почтаи электронии info@idif.tj ирсол намоянд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо санаи 01.03.2014 с.
Танҳо шахсоне, ки ба талаботҳои озмун мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Телефон барои маълумот: (44) 600-32-45.