Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои ишғол намудани вазифаи иқтисодчӣ озмун эълон менамояд.
Талабот ба номзад:
- Маълумот: маълумоти олии иқтисодӣ ё маълумоти олӣ дар соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT).
- Таҷрибаи корӣ: таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои қарзии низоми бонкӣ, дониши хуби компютерӣ, донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ ва англисӣ, собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол, сину сол то 35 сола.
Ӯҳдадориҳои вазифавӣ:
– ҷамъоварӣ ва омода намудани маълумоти таҳлилӣ оиди пасандозҳои шахсони воқеӣ;
– иштирок дар санҷиши ташкилотҳои қарзӣ оид ба суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
– ҷойгир ва назорат намудани маълумотҳо дар сомонаи ташкилот;
– таъмини коршоямии компютерҳо ва шабакаи дохилии ташкилот.
Аз номзадҳо хоҳиш карда мешавад, ки маълумоти шахсиро дар лифофаи маҳкам бо ишораи «Озмуни интихоби вазифаи холии иқтисодчӣ» ба суроғаи ш. Душанбе, к. Маяковский 77/2, маҳаллаи 33 (паси бинои филиали ҶСК «Ориёнбонк»), ё ин ки тавассути почтаи электронии info@idif.tj ирсол намоянд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо санаи 15.07.2014 с.
Танҳо шахсоне, ки ба талаботҳои озмун мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.
Телефон барои маълумот: (44) 600-32-45.