Эълони озмун барои ишғоли вазифаи холӣ

ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли вазифаи холии зерин

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

“Мутахассис оид ба робита бо ҷомеа (мутахассиси PR)”

Вазифаҳо: 

  • таҳия ва амалӣ намудани сиёсати Хазина оид ба робита бо ҷомеа;
  • коркарди слоганҳо ва номгузории маводҳои чопӣ ва нашрӣ, матолиби PR, гузаронидани “PR-аксияҳо” ва “PR-кампанияҳо”;
  • ба роҳмонии ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма (ВАО), навиштани сенарияҳо барои роликҳои телевизионӣ ва рекламаҳо барои радио ва телевизион;
  • навиштани пресс-релизҳо, мақолаҳо, паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавобҳо ба саволҳо;
  • пешбурди кори сомонаи интернетӣ ва саҳифаи расмии Хазина дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • кор дар самти таҳияи маводҳои иттилоотию рекламавӣ оид ба фаъолияти Хазина (брошюраҳо, буклетҳо, рӯнамоиҳо);
  • пайгирии маълумоти иттилоотӣ оид ба масъалаҳои дахлдор дар нашрияҳои чопӣ, радио ва телевизион, инчунин дар сомонаҳои интернетӣ;
  • навиштани матни суханрониҳои роҳбарияти Хазина;
  • баромадҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ;
  • ташкили кори маркази тамос (колл-сентр).

 

Талабот ба номзадҳо:

  • маълумоти олӣ дар самти бонкдорӣ-маркетинг, журналистика, идоракунии PR;
  • донистани асосҳо ва хусусиятҳои бозори рекламаи хизматрасониҳои бонкӣ ва муносибатҳои PR;
  • салоҳияти касбӣ, таҷрибаи корӣ дар соҳаҳои робита бо ҷомеа ва ВАО;
  • малакаи хуби муошират ва маҳорати баланди ибрози нутқу андеша тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
  • қобилиятҳои хуби ташкилотчигӣ, масъулиятнокӣ ва муқовимат ба стресс, саъю кӯшиш барои худомӯзӣ;
  • донишу малакаи хуби истифодабарии компютер;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар дараҷаи олӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.

 

Дархостҳо то 25/04/2025 сол қабул карда мешаванд.

Барои иштирок дар озмун аз довталабон пешниҳоди тарҷумаи ҳол (резюме) бо замимаи сурат дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии Хазина hr@dif.tj қабул карда мешавад.

Барои маълумоти иловагӣ: тел. 44-600-35-05, 44-600-35-42;

Эзоҳ: Танҳо довталабоне, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ба иштироки занҳои соҳибихтисос дар озмун бартарӣ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ баъд аз баррасӣ ва мусоҳибаи пешакӣ аз номзад талаб карда мешаванд.

.