ХАЗИНАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲОИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғоли вазифаи холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
Мутахассис (1 ҷой)
Талабот ба номзад:
- таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ, бонкдорӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ на камтар аз 3 сол;
- таҷрибаи корӣ дар самти хизматрасонии амонату пасандозҳо (идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои мизоҷони бонкҳо, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳоибонкӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳисобгирии сандуқи амонату пасандозҳо);
- донистани қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, сохтори амалиётҳои бонкӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
- қобилияти таҳлил ва арзёбии вазъи молиявии бонк, хавфҳои ташкилотҳои қарзӣ;
- малакаи касбии кор бо пойгоҳи маълумоҳо ва низомҳои иттилоотӣ-автоматикии бонкӣ (НАБ), барномаҳои – MS Office (Word, Excel, Power Point);
- донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад).
Барои иштирок дар озмун аз довталабон пешниҳоди тарҷумаи ҳол (резюме) бо замимаи сурат дар шакли электронӣ ба суроғаи почтаи электронии Хазина hr@idif.tj қабул карда мешавад.
Тамдиди муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: то 03.06.2024 сол.
Барои маълумоти иловагӣ: тел. 44-600-35-05, 44-600-35-45;
Танҳо довталабоне, ки ба талаботҳо мувофиқат мекунанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Ба иштироки занҳои соҳибихтисос дар озмун бартарӣ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ баъд аз баррасӣ ва мусоҳибаи пешакӣ аз номзад талаб карда мешаванд.
Views: 34