Эълон оид ба интихоби ширкати аудиторӣ

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) бо мақсади интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунаи фаъолияти молиявии Хазина барои соли 2019 озмун эълон мекунад.
Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Хазина пешниҳод намоянд:
а) дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва муҳри он тасдиқ шудааст;
б) нусхаи иҷозатномаи ташкилоти аудиторӣ барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) тавозуни муҳосиботӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни ташкилоти аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;
г) лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва муҳлати гузаронидани тафтиши аудиторӣ. Нархи гузаронидани тафтиши аудиторӣ бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳо ва хароҷоти дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дар бар гирад.
Муҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун 31 октябри соли 2019, соати 17:00 муқаррар шудааст.
Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархости худро лутфан ба нишони зерин дастрас кунанд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734060, ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2 ё ба тариқи почтаи электронӣ ба info@idif.tj ирсол намоянд.
Маълумоти муфассал дар сомонаи www.idif.tj ё бо рақамҳои +(992 44) 600 32 45, факс: +(992 44) 600 35 42
ш. Душанбе,
16 сентябри соли 2019