Эълон дар бораи гузаронидани озмун

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои интихоби ширкати аудиторӣ барои гузаронидани аудити берунаи фаъолияти молиявии Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ барои соли 2017 озмун эълон мекунад.

Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва мӯҳлати гузаронидани тафтиши аудиториро пешниҳод намоянд. Нархи гузаронидани тафтиши аудиторӣ бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳо ва хароҷоти дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дарбар гирад.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 10 октябри соли 2017 муқаррар шудааст.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишони зерин ирсол намоянд:

734060, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2,

еmail: info@idif.tj, web-site: www.idif.tj.

тел.: (+992) 44 600 32 45;  (+992) 44 600 35 42