Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 июли соли 2015 маблағи 215,5 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ дар нимсолаи 1-уми соли 2015 маблағи 33,0 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 3487,4 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 316,8 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.
Views: 4