Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2020 Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуда, ба вазифаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло таъин гардид.
Мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ҳайати Шӯрои нозирон аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Раиси Шӯрои нозирон, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ассотсиатсияҳои бонкҳои Тоҷикистон ва Раиси Хазина иборат мебошад. Бинобар ин, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҳамзамон вазифаи Раиси Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шасхони воқеӣ иҷро менамоянд.
Вобаста ба ин аз ҷониби Шӯрои нозирони Хазина қарор дар бораи ворид намудани тағйирот дар ҳайати Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шасхони воқеӣ таҳти санаи 25 ноябри соли 2020 таҳти №12 қабул карда шуд.