
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо”, Хазина як қатор вазифаҳоро амалӣ менамояд, ки ба ҳимояи пасандоздорон, идораи оқилонаи захираҳои молиявӣ ва институтсионалии худ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ равона карда шудаанд. Мақсад ва вазифаҳои асосии Хазина, ки қонун муайян кардааст, зеринанд.
Вазифаҳои асосии Хазина
- Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта.
- Таъмини фаъолияти низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ва мусоидат ба нигоҳдории суботи низоми молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ
Мақоми ҳуқуқӣ, идоракунӣ ва вазифаҳои Хазинаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муайян мекунанд. Хазина барои иҷрои ваколатҳои қонунии худ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҶТ ва дигар мақомоти давлатӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мемонад.
Масъулият ва назорат
Фаъолияти Хазина аз тарафи Шурои нозирон ҳамчун мақоми олии идоракунӣ, ки ваколатҳои васеъро аз он ҷумла дар муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Хазина, тасдиқи сохтор, буҷет ва санадҳои меъёрии Хазина доро мебошад, идора карда мешавад. Хазина мунтазам ба Шурои нозирон ҳисобот дода, фаъолияти худро мувофиқи принсипҳои масъулиятнокӣ ва идоракунии оқилона, ба роҳ меемонад.
Вазифаҳои Хазина
Муайян ва пардохт намудани ҷубронпулии суғурт
Хазина маблағи ҷуброни суғуртаро аз рӯи амонату пасандозҳои муайян намуда, пардохти сари вақти онро мувофиқи қонун таъмин менамояд.
Пешбурди феҳристи ташкилотҳои қарзии узви Хазина
Хазина феҳристи расмии ташкилотҳои қарзӣ, ки аъзои низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мебошанд, пеш мебарад.
Арзёбӣ ва ҷамъоварии пардохтҳо
Хазина пардохтҳои ташкилотҳои қарзиро арзёбӣ карда, ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии пардохтпулиҳоеро, ки аз ташкилотҳои қарзӣ гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривақтии онҳоро амалӣ менамояд.
Қабули маълумот ва ҳисобот
Хазина маълумот, ҳисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияташ зарур аст, аз ташкилотҳои қарзӣ мегирад.
Идоракунии маблағҳои Хазина
Хазина бо мақсади андўхти молу мулки Хазина маблағҳои ҷамъовардаро сармоягузорӣ, идора ва ҷойгир мекунад.
Иштирок дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ
The Fund may participate in financing the restructuring of a credit institution, including the transfer of insured deposits and savings to another credit institution or intermediary bank, to fulfill insurance obligations.
Қарзгирӣ аз Ҳукумат
Дар сурати касри Хазина барои гирифтани қарз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд.
Чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасонӣ
Хазина аз Бонки миллии Тоҷикистон андешидани чораҳои ислоҳнамоӣ ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти қарзӣ ҳангоми риоя накардани Қонуни мазкур дархост мекунад.
Додани амрнома
Хазина ҳангоми зарурат ва дар доираи қонун ба ташкилотҳои қарзӣ амрнома дода, иҷрои онро талаб менамояд.
Содир намудани санадҳои меъёрӣ
Хазина санадҳои меъёрӣ (қоидаҳо, дастурамалҳо ва ғайра) содир карда, иҷрои онҳоро талаб менамояд.
Баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ
Хазина тавассути ҳимояи амонату пасандозҳо боварии аҳолиро ба низоми бонкии кишвар таҳким медиҳад.
Дигар вазифаҳо
Хазина дигар вазифаҳоро, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳояш заруранд, иҷро мекунад.