Маблағҳои Хазина ва идоракунии онҳо

Маблағҳои Хазина ва идоракунии онҳо
Fund Resources and Their Management

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо”, маблағҳои Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (Хазина) аз манӣаҳои гуногун ташаккул ёфта, тибқи принсипҳои бехатарӣ, пардохтпазирӣ ва даромднокӣ идора карда мешаванд.

Маблағҳои Хазина

Маблағҳои Хазина аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:

  • Пардохтҳои ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина;
  • Даромад аз сармоягузорӣ;
  • Маблағи қарзи гирифташуда, аз ҷумла маблағҳое, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз гирифта мешаванд;
  • Маблағи аз рӯйи иҷрои уҳдадориҳои Хазина бадастомада, аз ҷумла аз рӯйи ҷубронпулии ба пасандоздорон пардохташуда, ки манфиатҳои онҳо мутобиқи Қонун ба Хазина вогузор шудааст.
  • Маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

Маблағҳои Хазина дар суратҳисобҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон будаи Хазина нигоҳ дошта мешаванд. Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорон аз ҳисоби маблағҳои мазкур анҷом дода мешавад. Ҳадди аксари маблағҳои Хазина, яъне андозаи мақсадноки маблағи Хазина дар сатҳи ҳафт фоизи ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташуда дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина муқаррар карда шудааст.

Фаъолияти сармоягузорӣ

Бо мақсади андӯхти маблағҳои худ, Хазина фаъолияти сармоягузорӣ ва ҷойгиркунии захираҳои озоди молиявиро тибқи сиёсати сармоягузорӣ ба роҳ мемонад. Хазина метавонад танҳо ба воситаҳои молиявии зерин сармоягузорӣ намояд:

  • Коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон.
  • Коғазҳои қиматноки давлатҳои хориҷӣ ё бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и хориҷии бонуфуз.
  • Амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ.
  • Коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки дорои яке аз ду рейтинги баландтарини агентиҳои рейтингӣ мебошанд.
  • Коғазҳои қиматноки созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмиядори онҳо мебошад.

Талаботи аввалиндараҷа барои сармоягузории маблағҳои Хазина тибқи принсипҳои зерин муайян карда шудааст:

Бехатарӣ Пардохтпазирӣ Даромаднокӣ