Идоракунии Хазина

Идоракунии Хазина
Governance of the Fund

Фаъолияти Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистонро раиси Хазина ва Шурои нозирони Хазина идора мекунанд. Шурои нозирон самтҳои стратегии фаъолияти Хазинаро муайян мекунад, санадҳои меъёрии онро тасдиқ мекунад ва назорати умумии фаъолияти Хазинаро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ба роҳ мемонад. Раиси Хазина барои идоракунии фаъолияти ҷории Хазина ва иҷрои қарорҳои Шурои нозирон тибқи моддаи 37 Қонун масъул мебошад.

Ҳайати Шурои нозирони Хазина

  • Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Раиси Шурои нозирон
  • муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон
  • Раиси Хазина

Ҷаласаи Шурои нозирон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешавад.

Ваколатҳои Шурои нозирони Хазина

Шурои нозирон ваколатҳои зеринро, ки дар моддаи 35 Қонун пешбинӣ шудааст, амалӣ менамояд:

  • Муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Хазина
  • Тасдиқи сохтор ва буҷети солонаи Хазина
  • Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Хазина, муқаррар намудани маоши вазифавии вай
  • Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи Хазина
  • Интихоб ва таъини аудитори берунӣ
  • Қабули қарор дар бораи аз Ҳукумат гирифтани қарзи молиявӣ ҳангоми касри Хазина
  • Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Хазина, ба шарте ки ин тағйиротҳо мухолифи қонун набошанд
  • Тасдиқ кардани Дастури Шурои нозирон
  • Тасдиқ кардани сиёсати сармоягузории Хазина
  • Тасдиқ кардани барномаҳо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ ҷиҳати таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ
  • Тасдиқ кардани шакли ҳисоботи ташкилотҳои қарзӣ-аъзои Хазина
  • Тасдиқ кардани санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина
  • Муқаррар кардани сиёсати Хазина оид ба бархўрди манфиатҳо
  • Қабули қарор дар бораи кам кардани андозаи пардохтҳои тақвимӣ ҳангоми ба андозаи ниҳоӣ расидани маблағҳои Хазина
  • Қабули қарор дар бораи муваққатан боздоштани пардохтҳои тақвимии ташкилоти қарзӣ, ки таҳти батанзимдарорӣ қарор дорад
  • Муайян кардани хусусият ва ҳаҷми вазифаҳои аудити дохилии Хазина ва тасдиқи натиҷаҳои аудит
  • Таъини аудитори берунӣ барои гузаронидани санҷиши махсус ва тасдиқи натиҷаҳои он
  • Тасдиқи тавсияҳои раиси Хазина оид ба интихоби бонк-агент барои пардохти пули суғурта
  • Тасдиқ кардани пардохти амонату пасандозҳои суғурташуда ҳангоми иштирок дар таҷдиди сохтори ташкилоти қарзӣ
  • Иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд