28.10.2021
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти №160 аз 27 октябри соли 2021, иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Кафолатбонк” барои фаъолияти бонкӣ бинобар сабабҳои асоснок бозхонд карда шуд.
Хазина ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, яъне баъд аз баромадани қарор (ҳалнома)-и суд оид ба оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ ва муайян намудани феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСП “Кафолатбонк” шуруъ хоҳад кард.
Ҳамчунин, аз ҷониби Хазина ахборот оиди санаи оғоз гардидани пардохти ҷубронпулии суғурта, ҷой, вақт ва тартиби дархостҳо барои пардохти ҷубронпулӣ, тавассути воситаҳои ахбори омма интишор хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина (www.idif.tj) дастрас намоед.
Барои маълумот:
ҶСП “Кафолатбонк” фаъолияти бонкиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода, ба бонки мазкур аз ҷониби Хазина Тасдиқномаи узвият таҳти №09 аз 20.09.2011 дода шуда буд ва он ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ворид гардида буд.
Дар бораи Хазина:
Хазина соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон тавассути пардохти ҷубронпулии суғурта ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии – узви Хазина, Хазина уҳдадор мешавад, ки пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеиро, ки дар ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ, муҳлатнок ва кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд, ҷуброн намояд.
Инчунин, руҷуъ намоед ба: Саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)