Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарорҳои навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №88 ва №89 мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бозхонд карда шуд.
ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ буда, пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки дар суратҳисобҳои пасандозӣ ва муҳлатнок, инчунин дар кортҳои пардохтии бонкӣ ҷойгиранд, аз ҷониби Хазина суғурта карда шудаанд.
Хазина ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, яъне баъд аз баромадани қарор (ҳалнома)-и суд оид ба оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва аз ташкилотҳои қарзии мазкур дастрас намудани феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” раванди пардохти ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” шуруъ хоҳад кард.
Ҳамчунин, Хазина эълонҳои ахборотиро оиди санаи оғози пардохти ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо, ҷой, вақт ва тартиби дархостҳо барои пардохти ҷубронпулии суғурта тавассути нашрияи расмии чопӣ, сомонаи интернетии худ ва дигар воситаҳои иртиботи оммавӣ интишор менамояд. Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони (+992) 44 600-32-45 ва ё сомонаи Хазина (www.idif.tj) дастрас намоед.
Дар бораи Хазина:
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ соли 2004 таъсис ёфтааст ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон фаъолият менамояд. Дар мавриди барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзӣ, Хазина уҳдадор мешавад, ки маблағҳои шахсони воқеиро, ки дар суратҳисобҳои бонкии (аз ҷумла кортҳои пардохтӣ, пасандозҳо ва суратҳисобҳо) ташкилоти қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошанд, ҷуброн намояд.
Инчунин, руҷуъ намоед ба: Саволҳои бештар пешниҳодшаванда (FAQs)