Баргузории онлайн-семинар байни ташкилотҳо оид ба суғуртакунии пасандозҳои кишварҳои узви КМА

Бо ташаббуси кишвари раисикунандаи Кумитаи минтақавии Авруосиёи (КМА) Ассотсиатсияи байналхалқии суғуртакунии пасандозҳо (IADI) Фонди суғуртакунии пасандозҳои Озорбойҷон санаи 17 январи соли 2014 онлайни семинар дар мавзӯъи “Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандозгузорон тавассути бонкҳои агент” бо иштироки ташкилотҳои суғураткунии пасандозҳои Ҷумҳурии Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Молдова, Украина, Русия, Туркия ва Тоҷикистон бо муваффақият гузаронида шуд.

Дар рафти семинар масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар самти  гузаронидани онлайн семинарҳо аз рӯи масъалаҳои суғураткунии пасандозҳо ва мубодилаи таҷриба байни ташкилотҳои суғуртакунии пасандозҳои кишварҳои узви КМА баррасӣ карда шуданд.