Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина ва баррасии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли 2022

Баргузории ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина ва баррасии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли 2022
06.03.2023

Санаи 03 марти соли 2023 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо иштироки аъзои Шӯрои нозирон Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷидӣ Ю.Х., Раиси Хазина – Ғафуров А.А. ва муовини Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон – Сайисмонов Р.С. ҷаласаи солона оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2022 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Хазина – Асоев М.Қ. низ иштирок намуд.

Рӯзномаи ҷаласа аз се масъала иборат буда, дар он ҳисоботи солонаи Хазина ва хулосаи аудиторӣ оид ба ҳолати молиявии Хазина дар соли 2022, лоиҳаи нақшаи молиявии Хазина барои соли 2023 ва лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи №2-Х “Маълумот оид ба сохтори пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ дар Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба масъалаи якум Раиси Хазина ба диққати аъзои Шӯрои нозирон рӯнамоӣ оид ба ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2022 пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Хазина фаъолияти худро дар соли ҳисоботӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва қарору супоришҳои Шӯрои нозирони Хазина ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар амалӣ намуда аст.

Иштирокчиёни ҷаласа “Ҳисоботи солонаи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар соли 2022”-ро мавриди муҳокима қарор дода, таҳлили вазъи низоми суғуртаи пасандозҳоро дар ҳисоботи солона хуб баҳо доданд. Ҳисоботи солонаи Хазина дар соли 2022 аз ҷониби Шӯро қаноатбахш ҳисобида шуда, хулосаи ширкати аудитории ҶДММ “Моор Стивенс” оид ба ҳолати молиявии Хазина барои соли 2022 маъқул дониста шуд.

Шӯрои нозирон вобаста ба дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, аз ҷумла лоиҳаи қарорҳои Шӯро оид ба тасдиқи нақшаи молиявии Хазина барои соли 2023 ва дар бораи тағйирот ба ҳисоботи №2-Х “Ҳисобот оид ба сохтори пасандозҳои суғурташуда” қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Шӯрои нозирон ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.