Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Бизнес Капитал» барои пешбурди фаъолияти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.
Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” аз ҷониби Хазина ба ҶСП ТАҚХ «Бизнес Капитал» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №000075 аз санаи 31 декабри соли 2024 дода шуда, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.
- Маркази тамос: (+992) 44 600-66-00
- Еmail: info@dif.tj
- Сомонаи Хазина: www.dif.tj
- Фейсбук: DepositInsuranceFund.Tajikistan
- Телеграм:t.me/DIFtj
Views: 5