Ба ҶСП Бонки “Арванд” тасдиқнома дода шуд

Ба ҶСП Бонки «Арванд» санаи 30 сентябри соли 2019 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои амалиётҳои бонкӣ дода шуд.
Бонки нав зимни якҷояшавии ҶДММ ТАҚХ “Арванд” ва ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Ташкилотҳои қарзии ҶДММ ТАҚХ “Арванд” ва ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баҳисоб мерафтанд.
Мувофиқан, дар асоси тағйиротҳои воридшуда, ба ҶСП Бонки «Арванд» Тасдиқнома дар бораи узвият дар Хазина дода шуд.