Ба роҳбарони ширкатҳои аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам роҳбарони ширкатҳои аудиторӣ!

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмунро тамдид менамояд.
Хазина ба маълумоти ширкатҳои аудиторие, ки дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ мебошанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, мерасонад, ки Хазина бо мақсади интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунаи фаъолияти молиявии Хазина барои соли 2019 озмун эълон мекунад.
Бинобар ин аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш мекунем, ки дархостҳои худро лутфан ба шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский 77/2, ошёнаи 3-юм ё ба тариқи почтаи электронӣ ба info@idif.tj ирсол намоянд.
Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Хазина пешниҳод намоянд:
а) дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва мӯҳри он тасдиқ шудааст;
б) нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;
в) тавозуни муҳосиботӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни ширкати аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;
– лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва мӯҳлати гузаронидани тафтиши аудиторӣ. Нархи гузаронидани тафтиши аудиторӣ бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳо ва хароҷоти дигари дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо дар бар гирад.
Мӯҳлати ниҳоӣ барои пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 30 ноябри соли 2019, соати 17:00 муқаррар шудааст.
Маълумоти муфассалро метавонед дар сомонаи www.idif.tj ё бо рақамҳои +(992 44) 600 32 45, факс: +(992 44) 600 35 42 дастрас намоед.