Ба ҶДММ ТАҚХ «Стандарт Молия» тасдиқнома дода шуд

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Стандарт Молия» барои пешбурди фаъолияти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар ин асос, мутобиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” аз ҷониби Хазина ба ҶДММ ТАҚХ «Стандарт Молия» тасдиқнома дар бораи узвият ба Хазина таҳти №000076 аз санаи 18 феврали соли 2025 дода шуда, дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи амонату пасандозҳо мувофиқан тағйироти дахлдор ворид карда шуд.