Ба диққати пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”

02.07.2021

Тавре қаблан хабар дода будем, аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” тавассути филиалҳои бонк-агентҳои интихобшуда оғоз гардид. Тибқи қонунгузорӣ, пасандоздорон ҳуқуқ доранд барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми як сол ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Вобаста ба ин, Хазина аз пасандоздорон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва масофаи иҷтимоиро риоя кунанд ва агар имконпазир бошад барои гирифтани ҷубронпулӣ дар рӯзҳои аввали пардохт шитоб накунанд – пасандоздорон метавонанд дар давоми як сол то ба анҷом расидани раванди пардохти ҷубронпулӣ дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавон тавассути каналҳои иртиботии зерин дастрас намуд: