Ҳимояи пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилоти қарзӣ

Ташкилоти самараноки суғуртаи пасандозҳо будан, ки рисолати худро мутобиқ ба стандартҳои баланди байналмилалӣ иҷро мекунад

Самти иҷтимоӣ • Шаффофият • Профессионализм • Беғаразӣ • Масъулияти молиявӣ

About the Deposit and Savings Insurance Fund of Tajikistan

Муҳиммияти Хазина дар чист?

💰 Зиёда аз 3.3 миллион нафар пасандоздорон дар доираи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо ҳифз шудаанд.
🔒 Андозаи ҷубронпулӣ: то 35,000 сомонӣ барои як пасандоздор дар як ташкилоти қарзӣ.
🏦 Ташкилоти қарзие, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои ҷалби амонату пасандозҳо дорад, узви Хазина мебошад.
✅ Зиёда аз 98 фоизи пасандоздорони суғурташуда дар доираи андозаи ҷубронпулӣ пурра рӯйпӯш шудаанд.
💸 Ҷубронпулии пардохтшуда: 212 миллион сомонӣ дар 18 ҳолати суғуртавӣ.

Хазина чӣ гуна фаъолияти мекунад?

  • Дар доираи Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» фаъолият мекунад.
  • Аз ҷониби Шурои нозирон, ки ҳайати он аз ниҳодҳои асосии молиявӣ иборат аст, идора карда мешавад.
  • Маблағи Хазина аз ҳисоби пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина ва дигар маблағҳои ба дастомада ташаккул меёбад.
  • Маблағҳоро мувофиқи принсипҳои бехатарӣ, пардохтпазирӣ ва даромаднокӣ сармоягузорӣ мекунад.
  • Ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ, ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорон сари вақт пардохт мекунад.

Низоми суғуртаи амонату пасандозҳо (НСАП) бо мақсади ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон аз хавфи барҳамхӯрии ташкилоти қарзӣ, ки аз ҷониби Хазина барои пардохти ҷубронпулии суғурта ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ равона шудааст, ташкил дода шудааст. Яке аз ҳадафҳои он то ҳадди ақалл коҳиш додани ҳолатҳои ваҳму шиддатнокии иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ, инчунин пешгирии паҳншавии занҷирии буҳрони молиявӣ аз як ташкилоти қарзӣ ба ташкилоти қарзии дигар ҳангоми сар задани ҳолати суғуртавӣ мебошад.

НСАП дар ҳамбастагӣ бо ваколатҳои танзиму назорати прудентсиалӣ, дастгирии пардохтпазирӣ ҳамчун қарздеҳи сатҳи охирин ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзӣ, низоми нигоҳдории суботи молиявиро дар бар мегирад.

НСАП кафолат медиҳад, ки дар сурати муфлисшавии ташкилоти қарзӣ, ҳамаи пасандоздорон ҷубронпулии суғуртавиро сари вақт мегиранд.

НСАП бечунучаро ҳифзи маблағҳои пасандоздорон ва эмин будани пули онҳоро сарфи назар аз вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, таъмин мекунад.

НСАП барои таъмини суботи низоми молиявӣ ва самаранок пешгирӣ намудани бӯҳронҳои низом муҳим аст. Вақте ки пасандоздорон боварӣ доранд, ки маблағҳои онҳо аз тарафи НСАП ҳимоя карда мешаванд, онҳо майл ва эҳтиёҷоти камтар доранд, ки ҳангоми бӯҳрони бонкӣ пулҳои худро аз ташкилоти қарзӣ якуякбора бозпас гиранд. Ин боварӣ ба таъмини суботи молиявӣ дар низоми бонкӣ мусоидат мекунад.

НСАП аҳолиро барои нигоҳ доштани маблағҳои худ дар ташкилотҳои қарзӣ ҳавасманд мекунад, ки ин дар навбати худ барои афзоиши пойгоҳи пасандозӣ ва заминаи молиявии бонкҳо ва дар ниҳоят ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат мекунад.