Ҷашни Иди Наврӯзи оламафрӯз муборак!

19.03.2022

Ҳамдиёрони азиз!

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику муборак гуфта, ба Шумо ва ба аҳли пайвандонатон рӯзгори ободу осоишта, саломатии бардавом, бахту иқбол ва комёбиҳои беназирро орзу менамояд.

Иди бостонии Наврӯз ҳамчун ҷашни соли нави аҷдодӣ, кӯҳантарин оини миллӣ ва нишони тамаддуни форсу тоҷик аз қадимулайём маншаъ гирифта, бо расму маросимҳои зебову фараҳовари худ таҷассумгари оғози фасли баҳор, мавсими киштукор, бедоршавии табиат ва рамзи эҳёи эҳсосоти умедбахшу ҳаёти созандаву обод мебошад.

Бинобар ин, дар остонаи ҷашни бузурги Наврӯзи навбаҳор бори дигар орзу менамоем, ки тамоми ниятҳои неку созандаи Шумо амалӣ гардида, дар хонадонатон доимо шодиву фараҳ, файзу баракат ва рӯзгори орому осуда поянда бошад.

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод, Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!

Наврӯзатон Муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!