АНДОЗАИ ҶУБРОНПУЛИИ СУҒУРТА: ҶУЗЪИ АСОСИИ НИЗОМИ САМАРАНОКИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО

Низоми самараноки суғуртаи амонату пасандозҳо дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон аз муфлисшавии ташкилотҳои қарзӣ, нигоҳ доштани суботи низоми молиявӣ ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, нақши калидӣ дорад.

Андозаи ба таври возеҳу мушаххас муқаррар кардашудаи ҷубронпулии суғурта ҷузъи асосии ин низом мебошад, ки ҳамбастагиро миёни боварии пасандоздорон, суботи низоми молиявӣ ва коҳиши хавфҳо дар низоми бонкӣ таъмин мекунад.

Дар маводи таҳлилии мазкур нақши андозаи ҷубронпулии суғурта дар низомҳои суғуртаи амонату пасандозҳо, таъсири онҳо ба суботи низоми молиявӣ ва хавфи бемасъулиятӣ, таҷрибаи амалкунандаи ҷаҳонӣ (дар асоси таҳқиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандаи пасандозҳо (АБСП)), бо назардошти арзёбии андозаи ҷории ҷубронпулии суғурта дар Тоҷикистон, ба таври мухтасар баррасӣ карда мешавад.