Ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 марти соли 2019 маблағи 277,9 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина дар семоҳаи аввали соли 2019 маблағи 3,8 млн. сомониро ташкил дод. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 3078,8 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 339,1 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.