Ҷамъбасти ҳисоботҳои семоҳаи аввали соли 2016

Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзии узви Хазина дар семоҳаи 1-уми соли 2016 маблағи 10,98 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,12 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ бошад 4 503,06 млн. сомониро ташкил дода, 910,1 ҳазор пасандозгузорро дар бар мегирад.

Дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 марти соли 2016 маблағи 244,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.