Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзии узви Хазина дар семоҳаи 1-уми соли 2015 маблағи 15,5 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ бошад 3 365,37 млн. сомониро ташкил дода, 293,5 ҳазор пасандозгузорро дар бар мегирад.
Дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 марти соли 2015 маблағи 185,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Views: 5