Ба ҳолати 31 марти соли 2020 низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 адад ташкилоти қарзиро дарбар мегирад, ки аз он 16 ададро бонкҳо ва 20 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 3152,2 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 331,1 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.
Дороиҳои Хазина ба санаи 31 марти соли 2020 маблағи 294,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба аввали сол 1,8 фоиз зиёд мебошад.
Views: 6