ҶДММ ТАҚХ «Васл» ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ шомил гардид

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки ҶДММ ТАҚХ “Васл” аз санаи 23 декабри соли 2019 ба Феҳристи ташкилотҳои қарзии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дохил карда шуда, ба ӯ Тасдиқнома дар бораи узвият таҳти №61 дода шуд.
Ҳамин тавр, айни замон шумораи ташкилотҳои қарзии узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 37 адад расид, ки 15 адади он бонкҳо ва 22 адади онро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд.