Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ иттилоъ медиҳад, ки дороиҳои Хазина ба ҳолати 31 октябри соли 2014 маблағи 167,5 млн. сомониро ташкил намуд. Пардохтҳои тақвимии ташкилотҳои қарзӣ ба Хазина дар 9 моҳи соли ҷорӣ маблағи 42,7 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ 2 997,7 млн. сомонӣ ва шумораи пасандозгузорони суғурташуда 310,1 ҳаз. нафарро ташкил медиҳад.
Views: 4