Ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид
28.02.2022
Санаи 25 феврали соли 2022 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои нозирони Хазина, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2021 ва дигар масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2021 мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа Раиси Хазина Ғафуров А.А. ба диққати аъзои Шӯрои нозирон расонид, ки дар соли 2021 Хазина фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”, Стратегияи рушди Хазина барои солҳои 2017-2022 ва қарору супоришҳои Шӯрои нозирони Хазина амалӣ намуда, баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон ва таҳкими боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар тадбирҳоро дар самти танзими босамари низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ идома дод.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи ба вуқуъ омадани ҳолатҳои суғуртавӣ дар бонкҳои мушкилотдор, ки ҳиссаи назарраси пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ ба онҳо рост меомад, қисми зиёди маблағҳои Хазина барои иҷрои уҳдадориҳои суғуртавӣ равона карда шуда, пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ташкилотҳои қарзии барҳамдодашуда саривақт ва ба пуррагӣ таъмин гардид, ки ин барои нигоҳдории суботи молиявии низоми бонкӣ саҳми бевоситаи худро гузошт.
Омилҳои болозикр ба фаъолияти молиявии Хазина бетаъсир намонд ва дороиҳои он ба андозаи назаррас коҳиш ёфтанд. Новобаста аз ин, ҷиҳати дар давраи дарозмуҳлат мусоидат намудан барои таъмини устувории молиявӣ ва иҷрои босамари ваколатҳои он, инчунин такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешбурди корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотӣ, аз ҷониби Хазина тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти Хазина дар соли 2021, доир ба раванди тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва омилҳои ба он таъсиррасон, натиҷаҳои ноилгардида ва нақшаҳои минбаъда, аз ҷониби Муовини Раиси Хазина Асоев М.Қ. ба самъи аъзои Шӯрои нозирон маълумотҳои муфассал бо рӯнамоӣ пешниҳод карда шуд.
Аз он ҷумла, дар соли сипаригашта дар панҷ ташкилоти қарзии узви Хазина ҳолати суғуртавӣ, ки сабаби ба вуҷуд омадани уҳдадории суғуртавии Хазина дар назди пасандоздорони ташкилоти қарзии муфлисшуда гардид, ба вуқуъ омад. Хазина баҳри иҷрои вазифаҳои асосии худ, алалхусус ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон уҳдадории худро аз рӯи ҷубронпулии суғурта ба маблағи 208 млн сомонӣ иҷро кард. Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дар Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ – узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Феҳрист) 29 ташкилоти қарзӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 11 адад бонк ва 18 адад ташкилотҳои амонатии қарзии хурд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ фаъолияти 6 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 4 бонк ва 1 ташкилоти амонатии қарзии хурд бинобар барҳамдиҳии маҷбурӣ ва 1 бонк бинобар барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардид. Ҳамзамон, дар ин давра 1 ташкилоти амонатии қарзии хурди нав таъсис дода шуд.
Ҳаҷми умумии пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ дар Хазина ба ҳолати 31 декабри соли 2021 маблағи 3 315,1 млн млн. сомониро ташкил дода, шумораи пасандоздорони суғурташуда ба 816,3 ҳаз. нафар расид. Дар муқоиса ба интиҳои соли 2020 маблағи пасандозҳои суғурташуда 3,9 фоиз кам ва шумораи пасандоздорони суғурташуда бошад 68,8 фоиз зиёд гардид.
Дар соли ҳисоботӣ раванди мусбии афзоиши ҳиссаи пасандозҳои суғурташуда бо пули миллӣ идома ёфт. Дар сохтори пасандозҳои суғурташуда аз рӯи намуди асъор ҳаҷми пасандозҳо бо пули миллӣ нисбат ба соли қаблӣ 27,3 фоиз афзуда, ҳиссаи он 57,7 фоизи (43,6 фоиз дар соли 2020) маблағи умумии пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеиро ташкил дод. Пасандозҳои асъорӣ бошанд 28,0 фоиз коҳиш ёфта, ҳиссаи онҳо 42,3 фоизи (56,4 фоиз дар соли 2020) маблағи умумии пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеиро ташкил дод. Ҳамзамон, аз шумораи умумии пасандоздорон суратҳисобҳои пасандоздороне, ки пасандозҳояшон бо сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ аст, мувофиқан 92,0 фоиз (83,6 фоиз дар соли 2020) ва 8,0 фоизро (16,4 фоиз дар соли 2020) ташкил дод.
Нишондиҳандаҳои болозикр аз тадриҷан камшавии сатҳи долларизатсияи пасандозҳо шаҳодат дода, ҳамчун омили мусбӣ ба коҳиш ёфтани сатҳи хавфҳои асъори низоми бонкӣ мусоидат менамояд.
Дар соли 2021 вобаста ба иҷрои ҳадафу вазифаҳои қонунии худ дар самти ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии пасандоздорон қисми зиёди маблағҳои Хазина барои иҷрои уҳдадориҳои суғуртавӣ равона карда шуда, дар натиҷа дороиҳои Хазина ба маротиб коҳиш ёфтанд. Тибқи ҳисоботҳои тавозунӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2021 маблағи (дороиҳои) умумии Хазина 134,3 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 175,6 млн. сомонӣ кам гардид. Сабаби коҳишёбии маблағҳои Хазина асосан бо пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашуда, алалхусус ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” вобастагӣ дорад.
Ҳангоми баромад қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти минбаъдаи Хазина, танзими босамари низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, инчунин афзун намудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар, Хазина фаъолияти худро дар соли 2022 дар самти иҷрои босамари вазифаҳои вогузоршуда вусъат хоҳад дод.
Шӯрои нозирон дигар масъалаҳои ба фаъолияти Хазина вобастабударо, аз ҷумла дар бораи ҳисоботҳои молиявии Хазина дар соли 2022, дар бораи тағйирот ба ҳисоботи №2-Х “Ҳисобот оид ба сохтори пасандозҳои суғурташуда”, дар бораи нақшаи молиявии Хазина барои соли навбатии 2022-ро мавриди муҳокима ва қобили қабул дониста, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа, аз ҷониби Раиси Шӯрои нозирон ба Хазина ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба суғуртаи пасандозҳо, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётии Хазина ва дигар масъалаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.