Ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина)таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода санаи 22 феврали соли 2019 баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2018 ва дигар масъалаҳои вобаста бо фаъолияти Хазина мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
И.в. Раиси Хазина Ғафуров А.А. ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявироба диққати аъзои Шӯрои нозирон пешниҳод намуда, қайд намуд, ки Хазина фаъолияти худро дар соли 2018 тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва қарору супоришҳои Шӯрои нозирони Хазина амалӣ намудааст.Ба санаи 31 декабри соли 2018 низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 41 адад ташкилоти қарзиро дарбар гирифта, аз он 16 адад бонкҳо ва 25 ададро ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ташкил медиҳанд. Маблағи пасандозҳои дар Хазина суғурташудаи ташкилотҳои қарзӣ 3,1 млрд. сомонӣ буда, шумораи пасандоздорони суғурташуда 335,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дороиҳои Хазина ба санаи 31 декабри соли 2018 маблағи 274,1 млн. сомониро ташкил дод, ки дар натиҷа андозаи ниҳоии маблағи Хазина ба 5,9 фоиз расид.
Дар соли 2018 дар ду ташкилоти қарзии узви Хазина ҳолати суғуртавӣ ба вуқӯъ омад ва Хазина аз ҳисоби захира барои ҷуброни пасандозҳои суғурташудаба 169 нафар пасандоздорон ба маблағи умумии 965,5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулии суғуртаро саривақт пардохт намуд.
Шӯрои нозирони Хазина инчунин дигар масъалаҳои ба фаъолияти Хазина вобастабударо, аз он ҷумла дар бораи ҳайати нави Шӯрои нозирони Хазина, тасдиқи харҷномаи Хазина барои соли 2019, дар бораи тағйирот ба ҳисоботи №2-Х “Ҳисобот оид ба сохтори пасандозҳои суғурташуда” ва дар бораи Низомнома “Дар бораи Кумитаи сармоягузории Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” баррасӣ намуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.Инчунин, бо қарори Шӯрои нозирони Хазина Ғафуров Асадулло Абдушукурович Раиси Хазина суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ таъин карда шуд.
Шӯрои нозирон ба Раиси Хазина ҷиҳати пурзур намудани фаъолияти минбаъда дар самти таъмини устувории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқоти ҷомеа оид ба суғуртаи пасандозҳо, омодагии Хазина ба ҳолатҳои эҳтимолии суғуртавӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти амалиётию молиявии Хазинадастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд-Хазина) иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади омодагӣ ба ҳолатҳои суғуртавӣ дар ташкилотҳои қарзии узви Хазина, озмуни интихоби бонк-агентро мегузаронад ва ташкилотҳои қарзиро барои иштирок дар озмун даъват менамояд.
Ташкилотҳои қарзӣ барои иштирок дар озмуни мазкур бояд дархост барои иштирок дар озмуни интихоби бонк-агентро ба Хазина то санаи 31 январи соли 2019 пешниҳод намоянд. Намунаи дархост барои иштирок дар озмун дар сомонаи Хазина ҷойгир карда шудааст.
Маълумоти муфассал дар бораи озмуни интихоби бонк-агентро метавонед тавассути телефони (44) 600 32 45 ё дар сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед.