Ҷаласаи солонаи Шӯрои нозирони Хазина

Ҷаласаи навбатии солонаи Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ санаи 9 феврали соли 2018 баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба диққати аъзои Шӯрои нозирон ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли 2017-умро пешниҳод намуд. Дороиҳои Хазина ба санаи 31 декабри соли 2017 маблағи 257 млн. сомониро ташкил медиҳад. Шумораи пасандозгузорони суғурташуда 824,7 ҳазор нафар ва маблағи пасандозҳои суғурташуда 3297,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. Хулосаи ширкати аудитории ҶДММ “Тоҷ-Аудит” дурустии маълумотҳои молиявии Хазинаро тасдиқ менамояд.
Шурои нозирони Хазина инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Хазинаро баррасӣ намуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдорро қабул намуданд.