Санаи 6 – 7 августи соли 2014 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбоҷон ҷасалаи 7-уми солонаи Кумитаи Минтақавии Авроосиёи (EARC) Асоссиатсияи Байналхалқии Суғуртакунандагони Пасандозҳо (IADA) ва семинари техникии Кумитаи Минтақавии Баҳри Ором (APRC) дар мавзӯи “Ворид ва рушди низоми пардохтҳо дар асоси баҳодии хавфҳои бонкҳо” баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби Хазина муовини Раиси Хазина Ғафуров А.А. иштирок намуд.
Дар ҷаласаи солона Раиси Кумитаи Минтақавии Авроосиёи (EARC) ҷаноби Озод Ҷавадов оиди фаъолияти Кумитаи Минтақавии Авроосиёи (EARC) дар давраи солҳои 2013-2014 маълумот дод. Аз ҷумла ӯ дастовардҳо дар гузаронидани онлайн семинарҳо ва ба имзо расидани ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дутарафайн байни оҷонсиҳои суғуртакунии пасандозҳоро қайд намуд. Дар ҷаласаи солона пешниҳод карда шуд, ки сомонаи Кумитаи Минтақавии Авроосиёи (EARC) ташкил карда шавад, ки дар он маълумот оиди ҳамаи аъзоёни Кумитаи Минтақавии Авросиё (EARC) ҷойгир карда шаванд. Дар семинари техникии Кумитаи Минтақавии Баҳри Ором (APRC) таҷрибаи кишварҳои пешқадам оид ба ҷорӣ намудани низоми пардохтҳо дар асоси баҳодиҳии хавфҳои ташкилотҳои қарзӣ баррасӣ карда шуд. Мутахассисон аз ИМА, Канада, Олмон, Корея, Малайзия ва Қазоқистон баромад намуда, оиди истифодаи низоми пардохтҳо дар асоси баҳодиҳии хавфҳои бонкҳо дар кишварҳои худ маълумот доданд. Дар интиҳои семинар ба иштирокчиёни семинар пешниҳод карда шуд, ки низоми пардохтҳо дар асоси баҳодиҳии хавфҳои бонкҳоро, ҳамчун низоми уствор дар кишварҳои худ мунтазам ҷорӣ намоянд.