Ҷаласаи навбатии Шурои нозирон баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) санаи 12 декабри соли 2019 баргузор гардид, ки дар он масъалаи интихоб ва таъини ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина барои соли 2019, лоиҳаи “Методикаи баҳодиҳии андозаи ҳадди ақали кифоятии маблағи Хазина”, лоиҳаи “Тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ оид ба суғуртаи пасандозҳо ва лоиҳаи “Тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди маълумот ба пасандоздорон оид ба низоми суғуртаи пасандозҳо” баррасӣ карда шуд.
Шӯрои нозирони Хазина барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина барои соли 2019 ширкати аудитории ҶДММ “Консултант аудит”-ро интихоб ва таъин намуд. Вобаста ба дигар масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби Шӯрои нозирон мувофиқан қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ карда шуданд.