29-уми апрели соли 2014-ум ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ваколатҳои Шӯрои нозирон баррасӣ карда шуд. Дар ҷаласа Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба Шӯрои нозирон ҳисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2013-ум пешниҳод намуд. Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи Хазина барои соли 2013 тасдиқ карда шуд. Ҳуҷҷати мазкур маълумоти муфассалро оиди фаъолияти Хазина дар соли ҳисоботӣ ва маълумотҳои молиявии Хазина ба санаи 1 январи соли 2014-ро дарбар мегирад, ки дурустии онҳо аз ҷониби ширкати аудитории ҶСП “Тоҷ-Аудит” тасдиқ карда шудааст.
Инчунин дар ҷаласа як қатор санадҳои меъёрӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Хазина аз ҷониби Шӯрои нозирон тасдиқ карда шуд.
Views: 2