Ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазина гузаронида шуд

29 феврали соли 2012 ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гузаронида шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Шӯрои нозирони Хазина баррасӣ гардид. Раиси Хазина Ҳакимов А.А. ба диққати Шӯрои нозирон дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молиявии 2011-ум ҳисобот дод. Шӯрои нозирон тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоида ва зарар, ҳисобот дар бораи иҷрои харҷнома дар соли 2011-умро баррасӣ намуда онҳоро тасдиқ намуданд. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби Шӯрои нозирон инчунин буҷаи Хазина барои соли 2012-ум баррасӣ гардида тасдиқ карда шуд.