Санаи 4 то 6 сентябри соли 2017 дар ш. Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, ҷаласаи солонаи 10-уми Кумитаи минтақавии Авруосиёии Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандагони пасандозҳо (КМА, АБСП) ва семинари техникӣ дар мавзӯи “Принсипҳои асосии низомҳои самараноки суғураткунии пасандозҳо ва суғуртакунии исломиии пасандозҳо” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Хазина Муовини раиси Хазина Ғафуров А.А. иштирок намуд.
Дар ҷаласаи Кумитаи минтақавии Авруосиё (КМА) Раиси Кумита ҷаноби Илҳами Озтурк дар бораи фаъолияти кории кумита дар солҳои 2016-2017 ҳисобот пешниҳод намуда, оиди чорабиниҳое, ки дар доираи фаъолияти кории Кумита гузаронида шуд, маълумот дод. Аъзои Кумитаи минтақавии Авруосиё ва мушоҳидон оид ба тағйироти охирин дар низомҳои суғуртакунии пасандозҳои кишварҳои худ маълумот пешниҳод карданд.
Дар семинари техникӣ масъалаи принсипҳои асосии низоми самараноки суғутакунии пасандозҳо ва масъалаи суғуртакунии пасандозҳои исломӣ баррасӣ карда шуд. Намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии суғуртакунандагони пасандозҳо ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба мутобиқ намудани низомҳои миллии суғуртакунии пасандозҳо ба принсипҳои асосии суғуртакунӣ маълумот доданд. Инчунин дар рафти семинар намояндагони кишварҳои Малайзия, Иордания ва Индонезия оиди ташкили суғураткунии исломии пасандозҳо маълумот доданд.