Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ

Эълон дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби ширкати аудиторӣ

 26.08.2024

Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон бо мақсади интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунии ҳисоботи молиявии Хазина барои солҳои молиявии 2024 ва 2025 озмун эълон менамояд. Дар озмун ширкатҳои аудитории эътирофшуда метавонанд иштирок намоянд.

Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиториро зарур аст дархости расмӣ ва арзиши хизматрасонии худро оид ба гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Хазина, инчунин шартҳо ва муҳлатҳои онро пешниҳод намоянд.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 25 сентябри соли 2024 муқаррар шудааст.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро тариқи почтаи электронӣ ба суроғаи зерин ирсол намоянд:

Email: info@idif.tj

Телефон барои тамос: +(992 44) 600-35-45