Семинар-машварати корӣ бо ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина

Семинар-машварати корӣ бо ташкилотҳои қарзӣ-узви Хазина

14.09.2023  

Санаи 14 сентябри соли равон дар маркази таълимии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) бо ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина семинар-машварати корӣ вобаста ба шарҳ ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии Хазина баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Хазина Асоев М.Қ. сармутахассис Дустов П.М., иқтисодчии пешбар Ҳасанов И.Ҷ. ва мутахассиси кор бо ҷомеъаи Хазина Бобоев Б.Л. ва аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ намояндаҳои масъул низ иштирок намуданд.

Мақсади вохӯрӣ аз муҳокима намудани мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва санадҳои меъёрии Хазина дар асоси Қонуни мазкур қабулгардида мебошад.

Вобаста ба ин, дар рафти семинар-машварат аз ҷониби и.в. Раиси Хазина Асоев М.Қ. ба самъи иштирокчиён дар шакли рӯнамо маълумоти муфассал оид ба ворид шудани тағйирот ба Қонун ва амалҳои Хазина ҷиҳати иҷрои талаботи меъёрҳои нави дар он дохилшуда, шарҳи мухтасар дар бораи низоми суғуртаи амонату пасандозҳо, шарҳи мухтасар дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва шарҳи тағйирот ба санадҳои меъёрии Хазина, пешкаш карда шуд. Зикр гардид, ки, тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии пасандоздорон, тавсеа додани низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, васеъ намудани миқёси фарогирии суғуртавии пасандоздорон, таҳкими устувории молиявии Хазина ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар равона гардидаанд.

Кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар вохӯрии мазкур фаъолона иштирок намуда, дар ҷараёни он муҳокимарониҳои мутақобилан судманд оид ба чораҳои андешидашаванда ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо”, инчунин масъалаҳои мубрами ҷойдошта ҷиҳати ба фарогирии суғуртавӣ дохил намудани субъектҳои нави хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, соҳибкорони хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сурат гирифт.     

Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби роҳбари Хазина ба ҳамаи намояндагони ташкилотҳои қарзӣ барои иштироки фаъол ва самаранок изҳори миннатдорӣ баён карда шуда, пас аз мувофиқа ҷиҳати ҳалли масъалаҳои аз рӯи рунамоии пешниҳодшуда аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри иҷрои талаботи Қонуни болозикр ва санадҳои меъёрии Хазина тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро дар байни мизоҷон ва пасандоздорон вусъат бахшанд.