Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйирот ворид карда шуд

Дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйирот ворид карда шуд

24.01.2023 

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2022, №151 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Васл” бинобар табдилёбӣ иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.

Пас аз пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо оиди табдилёбӣ аз ҷониби Хазина ба ташкилоти қарзии ҶДММ ТҚҒ “Васл” Тасдиқнома дар бораи узвият ба низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз санаи 24 январи соли 2023, таҳти № 067 дода шуд.

Тасдиқномаи ҶДММ ТАҚХ “Васл” дар бораи узвият дар низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 23 декабри соли 2019, №61, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ аз эътибор соқит дониста шуд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хазина дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тағйироти дахлдор ворид карда шуд.