Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони гурӯҳи “IFAAS”

Вохӯрии роҳбарияти Хазина бо ҳайати коршиносони гурӯҳи “IFAAS”

29.06.2022

Санаи 29 июни соли 2022 роҳбарияти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар доираи лоиҳаи кумаки техникии Бонки Осиёгии Рушд “Маблағгузории исломӣ барои рушди устувор” ва ташрифи ҳайати коршиносони гурӯҳи IFAAS*, бо ибтикор ва мусоидати БОР ва Бонки миллии Тоҷикситон бо роҳбар ва муассиси гурӯҳи IFAAS ҷ-би Муҳаммад Фаррух Раза, директор ҷ-би Наҷиб Ал-Асвад ва мудири калон ҷ-би Таҳир Эбраҳим, мулоқот доир намуд.

Мақсад аз вохӯрии мазкур аз баррасии рушди бозори молиявии исломӣ дар Тоҷикистон ва имкониятҳои фарогирии минбаъдаи ташкилотҳои қарзии исломӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳо арзёбӣ гардид.

Дар рафти вохӯрӣ сараввал аз ҷониби Раиси Хазина Ғафуров А.А. ба диққати коршиносони гурӯҳи IFAAS мухтасар оид ба фаъолияти Хазина, вазъи ҷории низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва қонунгузории амалкунандаи соҳаи суғуртакунии пасандозҳо маълумот манзур гардид.

Дар навбати худ, аз ҷониби коршиносони гурӯҳи IFAAS оид ба роҳҳо ва қадамҳои имконпазири минбаъда ҷиҳати фаро гирифтани ташкилотҳои қарзии исломӣ дар низоми суғуртаи пасандозҳо бо дарназардошти принсипҳои бонкдории исломӣ, таклифҳо дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот масъалаҳои зикргардида мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо барои густариш минбаъдаи ҳамкориҳои тарафайн изҳорӣ ҳавасмандии худро баён намуданд.

_________________________________

  • “IFAAS” – Ширкати байналмиллалии машваратӣ, ки дар соҳаи молияи исломӣ тахассус дорад ва ба ҳукуматҳо, созмонҳои бисёрҷониба, муассисаҳои молиявии исломӣ ва ғайра хидматҳои машваратии касбӣ пешниҳод мекунад.