Ба ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” тасдиқнома дода шуд

Ба ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” тасдиқнома дода шуд

30.06.2022

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд – Хазина) иттилоъ медиҳад, ки дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 21-уми июни соли 2022, №75 аз ҷониби Хазина ба ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” санаи 30.06.2022 сол тасдиқномаи № 065 дар бораи узвият ба Хазина дода шуд.

Ҳамзамон, тасдиқномаи №054 ҶДММ ТАҚХ “Рушди Ориён” аз санаи 30 декабри соли 2014, бинобар табдилёбии он ба ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” аз эътибор соқит карда шуд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби Хазина дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии узви низоми суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ сабти дахлдор ворид карда шуд.