Натиҷаи озмуни интихоби пешакии бонк-агент
13.05.2022
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ (минбаъд Хазина) иттилоъ медиҳад, ки санаи 13 майи соли 2022 аз ҷониби Комиссияи озмун дархости ташкилотҳои қарзӣ барои иштирок дар озмуни интихоби пешакии бонк-агент дида баромада шуд. Бонк-агент ташкилоти қарзие мебошад, ки тавассути он Хазина пардохти ҷубронпулии суғуртавиро ба пасандоздорон ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзии узви Хазина амалӣ менамояд.
Барои иштирок дар озмуни интихоби пешакии бонк-агент дархостҳо аз ҷониби 4 бонк ва 4 ташкилоти аманатии қарзии хурд ба унвони Хазина пешниҳод гардиданд.
Вобаста ба ин, Комиссия муқаррар намуд, ки ташкилотҳои қарзии ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонки Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”, ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҶДММ ТАҚХ “Матин” ва ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ғолиби озмун дониста шуда, ба сифати бонк-агентҳои потенсиалӣ интихоб карда шуданд.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ ташкилотҳои қарзии мазкур дар рӯйхати пешакии бонк-агентҳо барои интихоби минбаъда дохил гардиданд.